top of page

Шарҳи татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолӣ» дар Душанбе


24 ноябри соли 2017-уми дар маҷмааи давлатии «Душанбе Плаза» оид ба шарҳи якҷояи соли ҳафтуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ҳамоиш доир шуд. Дар кори САММИТ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Дар ин чорабинии сатҳи баланд натиҷаи дастовардҳои амалисозии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010 тасдиқ шудааст, мавриди таҳлил қарор гирифт. Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки Стратегияи мазкур яке аз ҳуҷҷатҳои муҳим дар соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта, татбиқи он дар пешгирии беморшавии аҳолӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат намуд. Ҳамзамон зикр шуд, ки Стратегия дар коҳиш додани фавти аҳолӣ, хусусан модару кўдак, пешгирӣ ва табобати бемориҳои модарзодӣ нақши асосӣ мебозад.

Намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорони васоити ахбори омма изҳор намуданд, ки бо тақозои замон баъзе масъалаҳои мубрам, ки дар Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» дарҷ нашудаанд, минбаъд баррасӣ хоҳанд шуд.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page