top of page

Таҷлили Рўзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи ВНМО


28 ноябри соли 2017-ум дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино Рўзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) таҷлил карда шуд. Дар чорабинӣ Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иљтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва шҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зимни суханронӣ изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар баробари дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ вобаста ба пешгирӣ ва муолиҷаи ВНМО аз усулҳои муосири ташхису табобат истифода мебарад. Инчунин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сари вақт сироятёфтагонро бо маводи дорувории ройгон таъмин намуда, табобати беморон зери назорат гирифта мешавад.

Дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби мутахассисони муассисаҳои давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгир ва мубориза бар зидди ВНМО», «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» ва донишҷўёни фаъоли ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино маърўзаҳо пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки барои ҷилавгирӣ аз доман паҳн намудани ВНМО бетараф набошанд ва тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳифзи сиҳатии аҳолӣ саҳми худро гузоранд. Гуфта шуд барои пешгирии ин вирус бояд ҳар як шаҳрванд саҳмгузор бошад, зеро муассисаҳои тандурустӣ ва табибон дар алоҳидагӣ имкони пешгирии бемориро надоранд.

Ҳамзамон чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрўз Хоҷазода иштирок намуда, ба ҷавонон тавсия дод то ба ҷои амалҳои номатлуб бештар ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул шаванд ва бадани худро солим нигоҳ доранд.

Дар саҳни донишгоҳ табибони МД «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО» тавассути тестҳои фаврии яккарата дар нақлиётҳои сайёр сокинонро ба таври ихтиёрӣ аз ташхиси ВНМО гузарониданд.

Ёдрас мешавем, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 1 – декабр ҳамчун Рўзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи ВНМО таҷлил карда мешавад.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page