Дар «Мачитон» ҳуҷраи фароғатӣ барои кўдакони сил ба истифода шуд
Бо мақсади хушҳол намудани кўдакони бемор дар Беморхонаи сили маҳаллаи «Мачитон» аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи ҲОУП утоқи фароғатӣ ба истифода дода шуд.
Кўдакон яке аз гурўҳхои осебпазир ба ҳисоб рафта, ҷисми онҳо нисбат ба калонсолон ба бемориҳои сироятӣ ҳасос мебошанд. Бо мақсади ҳифзи сиҳатии кўдакон имрўзҳо барномаҳои миллию соҳавӣ амалӣ карда мешаванд. Барои осон намудани ҷараёни табобат аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳзаи ҲОУП ба кӯдакони гирифтори бемории сил, ки дар Беморхонаи сили “Мачитон” табобат мегиранд, ҳуҷраи фароғатӣ супорида шуд. Ҳуҷраи мазкур бо бозичаҳои гуногун ва мизу курсиҳо барои кӯдакони сину соли гуногун фароҳам оварда шудааст. Ин кумак ба хотири дастгирии кўдакони гирифтори сил мебошад.
Гарчанде бемории сил табобатшаванда аст, вале табобати шакли мутобиқгаштаи он метавонад то ду солро дар бар гирад. Ба иттилои мутахассисони соҳа шумораи зиёди кӯдакони бемор аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ мебошанд ва ҳафтаҳо аз наздиконашон ҷудо зиндагӣ менамоянд. Ифтитоҳи ин гўша кўдакони беморро хушҳол нигоҳ медорад. Онҳо бо якдигар метавонанд бозиҳои гуногун гузаронанд. Ба назари мутахассисони соња он барои шифоёбии онҳо ёрӣ мерасонад.