Давраи омузишӣ барои тренерони миллӣ
Аз 9 то 12 январ дар ноҳияи Файзобод бо дастгирии лоиҳаи “ Беҳтар намудани хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – марҳилаи баромад” (лоиҳаи Сино), ки бо намояндагии Институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ мегардад, давраи омузишӣ барои тренерони миллӣ гузаронида шуд. Дар ин омузиш мутахассисон аз Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Маркази таълимию клиникии тибби оилавӣ иштирок доштанд.
Ҷалби васеъ ва иштироки ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ аз “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз августи соли 2010,№368 тасдиқ шудааст, бармеояд.
Дар эъломияи Оттаваи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба тақвият додан/пеш бурдани саломатӣ, нақши одамон ва ҷомеа дар бахши мустаҳкам намоӣ/пеш бурдани саломатӣ на танҳо дар доираи гирифтани маълумот дар бораи тарзи ҳаёти солим, балки худташкилкунӣ барои фаъолона ҳал намудани детерминантҳои (омилҳои) саломатии худ ифода ёфтааст.