top of page

Семинари омўзишӣ оид ба пешгирии бемории сил


Дар Душанбе семинари омўзишӣ таҳти унвони «Усули ба бемор равона гардидани табобати бемории сил» доир шуд. Семинари мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ташкил шуда, 2 рўз идома ёфт. Дар ин ҳамоиш 100 нафар, аз ҳумла табибони силшинос, мутахассисони соҳаи тандурустӣ, намояндагони USAID, Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Иштирокчиён дар ҷараёни чорабинӣ таҷриба ва дастовардҳои соҳаро баррасӣ намуданд.

Ҳадафи усули «табобати ба бемор равона гардидани табобати бемории сил» - ин табобати дастрас ва самаранок мебошад. Ҳамчунин таъмини дастрасӣ ба табобати амбулаторӣ ва ҳамаҷониба дастгирии беморон мебошад.

Аслиддин Раҷабзода, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷмуҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» зикр намуд, ки фавт дар соли 2006-ум 7,1 нишондодро ташкил медод ва дар соли соли 2017-ум он ба 3,5 коҳиш дода шуд, ки ин аз муваффақиятҳои соҳа шаҳодат медиҳанд. Дар баробари муваффақиятҳо ҳамчунин зикр шуд, ки барои боз ҳам пурзўр намудани фаъолият боз мушкилиҳо низ вуҷуд доранд. Аз ҷумла, норасоии табибони силшинос, нокифоягии маблағ дар ноҳияҳои дурдаст барои табобати беморон мушкилб пеш овардааст.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page