top of page

Сафари омўзишии намояндагони ВАО бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии ташаккули  тарзи ҳаёти солим  ва б


Бо ибтикори МД «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил як гурўҳ рўзноманигорон ба вилояти Суғд сафарбар гардиданд. Чорабинии мазкур ба муносибати Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил роҳандозӣ шуда, ҳадафи он тавассути ВАО баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Сафари омўзишии рўзноманигорон аз 12 то 16 марти соли 2018 идома ёфт. Намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар дар ин муддат аз фаъолияти беморхонаҳои зиддисилии ноҳияҳои Спитамен, Конибодом ва Мастчоҳи вилояти Суғд шинос гардиданд.

Дар ин сафар барои хабарнигорон табибони силшинос оид ба бемории сил иттилоъ доданд, ки аз соли 2015 инҷониб дар ҳама шаҳру ноҳияиҳои вилоят аз ҳисоби фаъолони ҷомеа Кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ ташкил шуда, оид ба бемории сил дар байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Инчунин сардори КАТС дар ноҳияи Спитамен зикр намуд, ки мо бештар дар ҳамкорӣ бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим аксияҳо дар байни аҳоли оид ба доғгузорӣ дар байни беморони сил гузаронида шуд. Аксия-чорабинӣ дар деҳаҳои Янгиобод, Сафедтеппа ва Куруш роҳандози карда шуд.

Сарбозова Ойнисо директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ноҳия иброз дошт, ки Марказ бо дастгирии барноми ЮСАИД бештар дар самти пешгирии бемории сил дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад. Инчунин номбурда зикр намуд, ки боиси хушҳолист, ки гирифторони беморони сил дар ноҳия кам шуда истодааст вам о кормандон кушиш ба харҷ медиҳем, ки ҳар чи бештар дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳи гузаронем.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page