top of page

Озмуни “Иншои беҳтарин дар мавзӯи бемории сил” байни толибилмони муассисаиҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ

Чорабиниҳо барои сарфароз гардонидани 120 толибилми муассисаиҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ барои иштироки фаъол дар озмуни “Иншои беҳтарин дар мавзӯи бемории сил” дар ноҳияҳои Ёвон, Вахш, Восеъ ва Фархор давоми рӯзҳои 9-12 апрел, 2018 баргузор гардид. Эълони ғолибони озмун ба таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил бахшида шуда толибилмон, устодон, намояндагони шӯъбаҳои маориф ва марказҳои ноҳиявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва инчунин духтурони силшинос ва намояндагон аз газетаҳои маҳаллиро гирди ҳам овард. Дар мавзӯи нақши ҷомеа дар мубориза бар зидди бемории сил аз ҷониби иштирокчиён суханрониҳо шуда аз ҷониби намояндагони марказҳои ноҳиявии ташаккули тарзи ҳаёти солим бо ҷалби доираи васеъи хонандагон, ки иштирок доштан суолу ҷавоб (викторина)-ҳо гузаронида шуда иштирокчиёни фаъол бо тӯҳфаҳои иловагӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар маҷмӯъ 10131 толибилмони синфҳои болоӣ аз 111 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар навишти иншо дар мавзӯи бемории сил иштирок кардаанд, ки ин дар доираи ҳамкориҳои байнисоҳавӣ байни Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон”, Вазорати маориф ва илм, ва Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим амалӣ гаштааст.

Иншоҳои навиштаи толибилмон мавзӯҳои гуногун атрофи бемории силро дар бар гирифт, аз ҷумла: аломат ва нишонаҳои бемории сил ва муроҷиат ба ҷойи дуруст, қоидаҳои беҳдоштӣ (гигиенӣ), зарурати кумак ба шахсони гирифтори бемори сил, ҳолати иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва равонии шахси бемор дар раванди табобати дарозмуддати бемории сил, моҳияти танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар дастгирии шахсони аз бемории сил осебдида, дастгирӣ ва хайру саховат ба шахсони бемори сил, асотирҳо ва маълумоти нодуруст атрофи бемории сил, ки ба маърифати санитарии мардум ва инчунин иззати нафарони бемор таъсири манфӣ меоранд.

Чорабинии мазкур дар доираи “Лоиҳаи минтақавӣ оид ба бемории сил дар Аврупои шарқӣ ва Осиёи марказӣ барои вусъат додани системаҳои тандурустӣ дар идораи босамари бемории сил ва шакли мутобиқгаштаи сил”, ки аз тарафи Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза зидди СПИД, сил ва вараҷа маблағгузорӣ мешав


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page