top of page

Гигиенаи шахсӣ

Солимӣ ганҷи бебаҳост. Ҳамин аст, ки аҳли башар пайваста солимии хешро дар мадди аввал гузошта, баҳри доим солим будан талош менамоянд. Зеро асоси муваффақиятҳои инсон дар ҳаёт пеш аз ҳама аз саломатӣ вобаста аст. Чун инсон саломат аст, баъдан ҷиҳати дар амал татбиқ сохтани ҳадафҳои муайянаш дар зиндагӣ азм месозад. Мутахассисони соҳаи тиб сарчашмаи аксарияти бемориҳоро дар риоя накардани гигиенаи шахсӣ меҳисобанд ва таъкид менамоянд, ки дар ҳаёти ҳаррӯза бояд талаботи гигиениро иҷро намуд. Доир ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, риоя ва натиҷаҳои мусбати он бо Парвиз Абдуназаров, мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим суҳбат намудем.

- Муҳтарам Парвиз Абдуназаров, аввал мехостам дар бораи гигиенаи шахсӣ ва нақши он дар саломатии инсон маълумот медодед? - Аз замоне, ки инсоният мавҷуд мебошад, нигоҳдошт ва пешбурди саломатии худ аз гигиена сарчашма мегирад. Гигиенаи шахсӣ маҷмӯи қоидаҳои беҳдошт мебошад, ки иҷрои онҳо баҳри тандурустии одам мусоидат мекунад. Гигиенаи шахсӣ чунин қоидаҳои умумӣ (барои ҳама синну сол як хел аст)-ро дарбар мегирад: ивази меҳнати фикрӣ ва кори ҷисмонӣ, варзиши ҷисмонӣ, истеъмоли мураттаби хӯроки хушсифат, меҳнату истироҳат, хоби бофароғат ва ғайра. Ба гигиенаи шахсӣ покизагии бадан, курпаву болин, сарулибос, манзил ва риояи тозагӣ ҳангоми пухтупаз низ тааллуқ дорад. Тозагии бадан яке аз шартҳои асосист. Гигиена, ки дар давраи қадим маънои покизагиро дошт, дар замони муосир, ки илму техника рушд намуд, талаботи пешрафтаи ҳозиразамонро талаб менамояд. Вобаста ба ин айни замон гигиенаи шахсии ҳар инсон дар мадди аввал барои солим будани худи инсон зарурати бузург дорад. Чуноне дар урфият мегӯянд, “Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст”. Маҷмӯи чорабиниҳои пешгирикунанда ин худ гигиена мебошад. Иҷрои гигиенаи шахсӣ дар саломатии ҳар шахс нақши муассир дорад. - Аз нигоҳи илми тиб гигиенаи шахсии синну солӣ чӣ гуна аст? - Гигиенаи шахсиро агар мо аз мактаббачагон гирем, он сар карда аз синфи якум то синфи шашум, ки кӯдакро падару модар нигоҳбинӣ мекунанд, худи волидон аллакай водоранд, ки дар як рӯз ҳадди ақал се маротиба шустани дандон, шустани дастон ва умуман тозагии кӯдакро зери назорат гиранд. Дар ин марҳила, яъне то синфи шашум, ягон камбудӣ ба чашм намерасад. Чунки дар ин давра нигоҳубин ба зиммаи волидон аст.

Аз синфи 6 то синфи 10, ки гузариш ба давраи балоғат аст, мактаббачаро мебояд ҳар рӯз тамоми қоидаҳои зарурии гигиенаи шахсиро сар карда аз шустани дандонҳо, кам кардани мӯи сару дигар чизҳои вобаста ба ин ва ба бар намудани таҳпӯшҳои пахтагин аз зери курта риоя намояд. Чунки аз бадани инсон равғанҳо хориҷ мегардад ва онро таҳпӯшҳои пахтагин ба худ ҷаббида мегирад. Инчунин, мунтазами такпӯшҳо бояд дар як ҳафта ҳадди ақал ду маротиба иваз карда шаванд. Вақте хонандаҳо ба синфҳои болоӣ мерасанд, мактаббача бояд ҳамон мӯйлабу ришҳоро бигиранд. Аслан, дар илми тиб гирифтани мӯйлабу риш дар як ҳафта ду маротиба тавсия шудааст. Дар давраи ҷавонӣ ҳар як ҷавон бояд зебо бипӯшад. Яъне ба саломатии хеш аҳамияти аввалиндараҷа диҳад. Ҷавон бояд тозаву озода бошаду аз хушбӯиҳо истифода намояд. Барои баланд бардоштани гигиенаи шахсӣ бояд ин гуфтаҳоро риоя кард. Талаботҳои гигиена дар даврони ҷавонӣ бисёр нозук аст. Аз шустани даҳону гирифтани мӯйлабу риш сар карда, дорои дигар талаботи эстетикӣ мебошад. - Риоя накардани гигиенаи шахсӣ боиси гирифтор шудан ба кадом бемориҳо мегардад? - Дар ҳолати риоя накардани гигиенаи шахсӣ инсон ба тамоми бемориҳо гирифтор шуданаш мумкин аст. Масалан, агар обро ноҷӯшонида истеъмол намоед, он инсонро ба бемории дарунравӣ мувоҷеҳ мегардонад. Дар ҳолати риоя нагардидани тозагии зери бағалу дигар талабот дар бадан хориш пайдо мешавад. Инчунин шахс ҳангоми нашустани дастону нагирифтани нохунҳо вақте ки таом истеъмол менамояд, дар зери нохунҳо ҳангоми ягон кори ҷисмонӣ намудан, ҳама гуна бактерияву микробҳо ҷойгир мешавад ва ҳангоми истеъмоли хӯрок марҳилаи такрорӣ ба миён меояд. Яъне ҳамаи барангезандаҳои беморӣ ба организм ворид шуда, сабабгори бемориҳои рӯдаю меъда мегардад. - Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ миёни ҷавонон доир ба гигиенаи шахсӣ ягон дастурамал ҳаст ва доир ба риояи он тавсияи табибон чӣ гуна аст? - Дар самти маърифатнокии гигиенаи шахсӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурамал оиди баланд бардоштани маълумотнокии ҷавонону хонандагони аз синфи 9 боло тасдиқ гардидааст, ки дар мактабҳои ҷумҳурӣ, асосан дар мактаб-гимназияҳо ва мактабҳои шаҳри Душанбе оиди гигиенаи шахсӣ омӯзишҳою корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Тавсияи табибон ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ чунин аст: шахс субҳгоҳӣ, ҳангоми аз хоб хестан, аввалан бояд ба машқҳои варзишии пагоҳирӯзӣ машғул гардида, сипас дандонҳои худро пок созад ва баъдан ба ношто машғул шавад. Дар субҳ ба варзиш машғул гардидан хеле манфиатнок буда, тамоми моддаҳои биологии организм фаъол мешаванд. Чун инсон дар як рӯз се маротиба хӯрок истеъмол менамояд, пас аз истеъмоли хӯрок хоидани сақич хуб аст. Он боқимондаҳои хӯрокро аз даҳон тоза сохта, бӯи даҳонро низ бартараф месозад. Пеш аз хоб низ шустани дандонҳо тавсия дода мешавад.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page