top of page

Дар Душанбе Конфронси минтақавӣ таҳти унвони «Инноватсия ва масъалаҳои мубрами асабшиносӣ» ба кори х

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси минтақавӣ таҳти унвони «Инноватсия ва масъалаҳои мубрами асабшиносӣ» ва нахустин Анҷумани асабшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ кард.

Тавре хабарнигори АМИТ» Ховар» аз ҷараёни ин чорабинӣ иттилоъ дод, конфронс ва анҷумани мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди илми асабшиносӣ дар кишвар баргузор мегарданд.

Яке аз масъулини баргузории ин чорабинӣ, мудири кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Раҳматулло Раҳмонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки дар анҷуман масъалаҳои мубрами соҳаи асабшиносӣ — яке аз самтҳои муҳими соҳаи тандурустӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

«Дар анҷумани имрӯза зиёда аз 20 нафар олимони забардасти соҳаи асабшиносӣ аз кишварҳои хориҷ иштирок доранд. Онҳо атрофи мушкилоти соҳаи асабшиносӣ, инноватсия ва навовариҳо дар соҳаи асабшиносӣ суҳбат хоҳанд кард, ки ба манфиати илми асабшиносии кишвар аст»,- таъкид дошт Раҳматулло Раҳмонов.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки баргузории конфронс ва анҷуман равобити асабшиносони тоҷик бо олимони минтақа ва ҷаҳонро зичтар гардонида, барои рушди илми асабшиносӣ дар кишвар мусоидат менамояд.

Конфронси минтақавӣ таҳти унвони «Инноватсия ва масъалаҳои мубрами асабшиносӣ» ду рӯз давом мек


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page