Ҳамоиш дар арафаи Рўзи ҷавонон
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳар сол 23 май таҷлил мешавад, ҳамоиш доир шуд. Дар чорабинӣ собиқадороне, ки дар ин соҳа фаъолият намуданд, дар ҳузуру ҷавонон масъалаҳои муҳимми марбут ба ҳаёти ҷавонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Собиқадорони соҳа атрофи мавзўҳои дониш омўхтани ҷавонон, тарғиби ғояҳои миллӣ, аз ҷумла ваҳдату истиқлолият, худшиносии миллӣ, пешгирии шимилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои террористӣ ибрози андеша намуданд. Коршиносон барои татбиқи босамари сиёсати ҷавонон чанд нуктаи муҳимро таъкид намуданд.
Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки гузаронидани чорабиниҳои иттилоотии ватандўстӣ дар байни сарбозони қисмҳои ҳарбӣ бештар гузаронида шавад. Ғайр аз ин, дар чунин маъракаҳо ҷавонони бе шуғл низ ҷалб карда шаванд. Ба иттилои собиқадорони соҳаи кор бо ҷавон яке аз роҳҳои пешгирии шомилшавӣ ба гурўҳҳои ифротӣ баланд бардоштани сатҳи донишу огоҳии ҷавонон ба ҳисоб меравад.