top of page

Бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ- бинои озод аз тамоку эълон гардид


Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эълон намудани бинои вазорат ҳамчун «Бинои озод аз тамоку» ҷамъомад баргузор гардид. Тавре аз вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом дар Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку бо мақсади дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ба роҳ монда шуд.

Нашри нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» 2 январи соли равон аз ҷониби Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Мақсад аз қабули шарҳи нав кам намудани истеъмоли маҳсулоти тамоку миёни аҳолии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи солимии миллат мебошад. Ёдовар мешавем, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин мақомоти давлатие мебошад, ки бинои марказии худро ҳамчун «Бинои озод аз тамоку» эълон намуд.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page