Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти шиори “Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ” дар Муассисаи давлати
Чорабинии мазкур таҳти сарварии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кушиши МД «Маркази љумњуриявии ташаккули тарзи њаёти солим» ва дастгирии як ќатор шарикони рушд баргузор гардид. Дар конференсия як санади бисёр муњим дар соњаи тандурустї «Дастур оид бо шарикї бо љомеа дар масъалањои саломатї» тањлилу баррасӣ гардид.
Дар баргузории конференсияи Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Игор Поканевич, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Волик Михаил директори Минтаќавии Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар Љумњурии Тољикистон, Афандиева Г.Г. роњбари Намояндагии институти тропикї ва тандурустии љамъиятии Шветсариягї дар Љумњурии Тољикистон/ Лоињаи Сино, Дилором Содиқова ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони Намояндагии Созмони байналмиллалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи USAID оид ба мубориза бар зиддии бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи “ХОУП” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони Лоиҳаҳои амалкунанда дар самти тандурустӣ ва масъулини дигар созмону ширкатҳои байналмиллалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори чорабинии мазкур, ҳамзамон кормандон ва сардорони саёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбароият ва директорони Муассисаҳои зертобеи вазорат, намояндагони як қатор вазорату идораҳои кишвар ҳузур доштанд. Дар расми баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ маърузачиён зери сарлавҳаҳои “Ҷанбаҳои калидии “Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ”, “Ҷараёни амалисозии дастур оид ба “Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ”, қадамҳои аввалин”, “Нақши муассисаҳои КАТС дар доираи амалисозии дастур оид ба “Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ”, қадамҳои аввалин” ва ғ баромад намуда, диққати ҳозиринро ба масоили дарҷгардида ҷалб намуданд.
Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни сухани ифтитоҳии хеш аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи сиҳатии сокинон ва дар заминаи он муҳайё гардидани шароити мусоиди табобатӣ дар кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, инчунин вобаста ба доро будани имкониятҳои табобатӣ аз љониби сокинон дар кишвар муфассал маълумот дод.